БАРФИ АВВАЛ МУБОРАК БОД! БАРОЯТОН БАХТИ САФЕД МЕХОҲЕМ!

Ноябрь 24, 2016 18:19

Душанбе, 24.11.2016./АМИТ «Ховар»/. Барфи аввал имсол дар  кишвари мо барвақт борид. Ҳарчанд аз рӯи пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик сардии шадид дар моҳи ноябр аз зимистони бисёр сахт дарак медиҳад, вале ин гуна вазъи ҳаво моро наметарсонад. Охир бориши барфи зиёду сармои сахт дар кишвари мо бори аввал нест. Мавсимҳое буданд, ки рӯз дар миён барф меборид.

Бубинед, дар Япония дар тӯли 54 соли охир бори аввал дар моҳи ноябр барф борид! Ба хунукии рекордии дар кишвар бақайдгирифташуда нигоҳ накарда, японҳо аз барфи борида  чӣ қадар хурсанданд!

Қариб як ҳафта мешавад, ки дар кишвари мо барф меборад.. Аз ин бояд хурсанд шуд, зеро барф неъмат аст. Барфи сафед пайкест аз соли бобаракат,  аз серҳосилӣ ва сурхрӯии марди деҳқон.

Воқеан, вақте барф меборад, гӯё замину осмон сафед мешаванд, мӯъҷиза рух медиҳад, ҳама ҷо нур мегирад, дили мо ба ваҷд меояд, зеро барф на танҳо замину само, балки дилу рӯҳи инсонҳоро низ сафеду пок месозад.

Барфи аввал- ҳиссиёти хушу гувороеро дар дили кас бедор месозад.

Барфи аввал зуд об мешавад, вале хотироти он то дер дар қалбҳо боқӣ мемонад, ёдҳоро ба таҳрик меорад. Барфи аввал мисли ишқи аввал аст, ки дилҳоро ба шӯр оварда, ноаён ё ногаҳон ғайб мезанад.

Барфи аввал-ин рамзи нур, покизагӣ ва аз нав эҳё шудан аст. Тавре дар шеъри маъруф гуфта шудааст: «Барф давр мезанад, парвоз мекунад, Бодкашон ҳамаро мебарад…» (тарҷумаи таҳтуллафзӣ аз русӣ). Барфи сафед ҳама он хотироти мағшуши гузаштаи моро бо  худ мебарад ва асари нек боқӣ мегузорад.

Барф мисли варақи сафед аст, ки метавон онро бо рангҳои гуногун наққошӣ кард. Аз ҷумла, метавон таърихи ҳаёти нави худро бо ислоҳ кардани хатоҳои қаблӣ аз нав навишт.

Мегӯянд, якрангӣ дилгиркунанда аст, вале ранги сафед рӯҳро оромиш бахшида, ба асаб ва рӯҳу ҷон таъсири нек мерасонад. Бесабаб намегӯянд:  «дар олам  дарде нест, ки барф табобат накунад».

Барф-рамзи дигаршавии табиат, заминагузори ҳосили хуби оянда, рамзи фаровониву боигарист!

Ранги сафед рамзи латофат, нур, фар, рамзи нуфуз  ва музаффарият аст!

Барф меборад…Биёед бо ҳам шодӣ мекунем! Шодӣ аз барфи аввал, аз субҳи босафо, аз шуъои гарми офтоб, аз оби мусаффо ва аз осмони нилобии болои сар. Аз ҳар рӯзи пурфайзи зиндагӣ.

Барфи аввал бароятон муборак бод, хонандагони азиз! Тавре дар урфият  мегӯянд, ҳамроҳ бо барфи сафед бароятон бахти сафед орзумандем!

Аксбардорони мо мехоҳанд шодии худро аз барфи аввал бо шумо бо ҳам бинанд.

pogoda-sneg-8

 

Ноябрь 24, 2016 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд