Бунёди бинои нав дар осоишгоҳи «Шифо» — и Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим

Ноябрь 9, 2016 11:49

Хоруғ, 09.11. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар остонаи Рӯзи милитсияи тоҷик дар назди осоишгоҳи истироҳатию табобатии «Шифо», воқеъ дар деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, мутааллиқ ба кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ боз як бинои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бинои мазкур дорои 10 кати хоб аст. Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Абдулваҳҳоб Искандарзода гуфт, ки «ин осоишгоҳ то ба ҳол бештар аз 26 нафарро қабул карда метавонист ва ҳоло теъдоди он ба 36 нафар расонида шуд. Биноҳое, ки қаблан сохта шуда буднд, ба талаботи замони мусир ҷавобгӯ нестанд. Мо тасмим гирифтем, ки марҳила ба марҳила онҳоро аз нав бунёд кунем. Бо супориши Вазири корҳои дохилӣ соли равон барои ин осоишгоҳ як мошини ёрии таъҷилӣ ҷудо карда мешавад».
Яке аз собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ Абдумамад Назармамадов, ки наздики 30 соли ҳаёти худро ба таҳкими тартибу низом ва волоияти қонун дар ҷумҳурӣ бахшидааст, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии кишвар бо арзи сипос чунин баён дошт: «Дар ин осоишгоҳ ҳамаи шароит муҳайё карда шудааст. Ман дар ноҳияҳои мухталифи кишвар кор кардам. Дар ин ҷо бо чанд нафар ҳамкорони собиқи худ вохӯрдам ва хеле хушҳол шудам».
Осоишгоҳи истироҳатию табобатии Гармчашма яке аз маъруфтарин чашмаҳои шифобахши кишвар буда, ҳамасола аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва берун аз он ҳазорон нафар барои табобат ва дамгирӣ ба ин ҷо меоянд. Ба гуфтаи мутахассисон, оби ин чашма барои табобати касалиҳои пӯст, дарди миёну по ва ором кардани асаб давои хуб мебошад.

Ноябрь 9, 2016 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд