Дар ноҳияи Нуробод 812 нафар соҳибкор ба қайд гирифта шудаанд
Нуробод, 09.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Нуробод то имрӯз 812 нафар соҳибкор ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 211 нафар бо патент, 58 нафар бо шаҳодатнома, инчунин 543 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Дар ин давра бо дастгирии роҳбарияти бонкҳои ҷумҳурӣ аз тарафи бонкҳои амалкунандаи ноҳия дар ҳаҷми 1 млн 971 ҳазору 030 сомонӣ ба соҳибкорони хурду миёна ва хоҷагиҳои деҳқонӣ қарзҳои миёнамуҳлати имтиёзнок дода шудаанд. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои дастгоҳи раиси ноҳия Мирсаид Хоҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар нуҳ моҳи соли равон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ба буҷаи давлат 269 ҳазору 478 сомонӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110 ҳазору 509 сомонӣ зиёд мебошад.
Ба андешаи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, натиҷаҳои даромади буҷаи маҳаллӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки вусъат ёфтани заминаҳои андозбандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳибкории хурд яке аз омилҳои асосии зиёд шудани даромади буҷаи маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.