Дар шаҳри Боку ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ намуд

Ноябрь 23, 2016 10:06

58343a7b6c378-150x92Душанбе, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон ҷаласаи навбатии Шӯрои кор бо ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба кори худ шуруъ намуд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
«Дар ҷаласаи мазкур аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ ва дигар шахсони расмӣ иштирок доранд. Дар ҷараёни ҷаласа доир ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи байналмилалии ҳамкории ҷавонони давлатҳои аъзои ИДМ то соли 2020» ва нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2018- 2019 баррасӣ гардиданд»,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Кори ҷаласаи Шӯрои мазкур имрӯз, 23 ноябр идома ёфта, дар назар аст дар он масъалаҳои вобаста ба дастгирӣ ва рушди ҳаракати волонтёрӣ, дастгирии соҳибкорони ҷавон дар кишварҳои ИДМ, баргузории бозиҳои Делфӣ ва дигар масоил баррасӣ гарданд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистонро дар ҷаласаи мазкур Ҳабибулло Амирбекзода, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ дорад.

Ноябрь 23, 2016 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад