Дар Театри давлатии академии опера ва балет Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ба муносибати 100-солагии зодрӯзи Ғаффор Валаматзода оғоз шуд

Ноябрь 22, 2016 10:04

Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии созмони байналмилалии ЮНЕСКО бахшида ба 100-солагии зодрӯзи Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ғаффор Валаматзода расми ифтитоҳи Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» доир гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Дар маросим ҳунармандон аз Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва гурӯҳҳои рақсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, бо рақсҳои дилангези худ табъи иштирокдоронро болида намуданд.
«Имрӯз, 22 ноябр ду гурӯҳи ҳунарии меҳмонон, ки аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии мардумии Чин дар ин фестивал иштирок доранд, дар театри нави шаҳри Қӯрғонтеппа барномаи консертӣ баргузор менамоянд»,- иброз дошт Нуралӣ Шоев, масъули барномаҳои фестивали мазкур.
Ба муносибати ин ҷашн имрӯз соати 17:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ансамбли давлатии «Лола»-и ба номи Ғаффор Валаматзода ҳунарнамоӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» се рӯз идома меёбад.

Ноябрь 22, 2016 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд