Хатлон: мулоқотҳо дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан»

Ноябрь 15, 2016 17:04

Қӯрғонтеппа, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, осорхонаю китобхонаҳо бо ташаббускорон, намояндагони ҷавонони вилоят ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо баргузории мусобиқаҳо, намоишномаҳои театрӣ ва намоишҳои телевизионӣ дар назар аст.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамзамон намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи дарҳои кушод дар осорхонаҳо, озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи «Президент аз нигоҳи кӯдакон», доир намудани силсиламулоқот дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба Ватан» ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи чорабиниҳо инчунин ташкили экскурсия ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳияи Данғара ва Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Сарбанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар онҳо таҳсил намудаанд, дар назар аст.

Ноябрь 15, 2016 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд
Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд