И. Қосимзода: «Моро мебояд аз Парчами миллии худ ифтихор намоем!»

Ноябрь 23, 2016 10:03

Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 22 ноябр дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомад доир гардид. Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи мазкур зимни ҷамъомад зикр намуд, ки дар ҳама давру замон парчам нишони ҳастӣ ва мавҷудияти мавқеъпазирро дар симои миллат ва давлат муаррифӣ менамояд.
«Худшиносиву ифтихори миллӣ, сарбаландиву пирӯзӣ ва худогоҳӣ зарфиятҳое мебошанд, ки дар рангҳои парчам таҷассум ёфта, вожаи муқаддаси Истиқлолияти давлатиро инъикос мекунанд. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами давлатии худ ифтихор намуда, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллати озоду соҳибистиқлол ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем, зеро ба рамзҳои давлатӣ бо эҳтиром муносибат намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад»,- иброз дошт Идигул Қосимзода.
Дар ҷамъомад ҳамчунин кормандони Кумитаи кор бо занон ва оила, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълимгирандагони Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» сухан гуфтанд.

Ноябрь 23, 2016 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд