Имрӯз дар Хонаи адибон маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун баргузор гардид

Ноябрь 25, 2016 17:26

dsc_0516Душанбе, 25.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили эҷодии Нависандаи халқии Тоҷикистон, лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун баргузор гардид.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самадов иброз дошт, ки Саттор Турсун аз ҷумлаи адибоне мебошад, ки дар авҷи адабиёти муосири тоҷик дар солҳои 70-ум ба Иттифоқи нависандагон ва маҷаллаи «Садои Шарқ» ба кор омада, аз ҳамон сол то имрӯз дар қатори адибони бузурги тоҷик фаъолият кардааст.
«Дари адабиёт ҳамеша боз буда, ҳар нафаре метавонад бо кӯшише ба он ворид гардад. Вале дар адабиёт барои аз қадамҳои аввалин то 70- 80- солагӣ ҷой ва мавқеи худро нигоҳ доштан заҳматҳои зиёде лозим аст. Саттор Турсун низ умри хешро сарфи адабиёт кард ва ин маҳфил натиҷаи ҳамон заҳматҳо мебошад»,- зикр намуд Абдулҳамид Самадов.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун иброз намуд, ки «дар 6- солагӣ аз модар маҳрум монд. Эҳсоси бемодарӣ ва ғаму андӯҳ ӯро ворид кард, ки бисёр ҷустуҷӯ карда, китоб мутолиа намояд, вале боре андеша надошт, ки рӯзе қалам бар даст мегираду худ эҷод мекунад».

Ноябрь 25, 2016 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид