Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад
Душанбе, 05.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бахшида ба 22- солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ ва барномаи идонаи консертӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш раиси суди ноҳияи Нуробод Ғайбулло Мирзозода иброз дошт, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Дар асоси он гузариши ҷомеа аз низоми сиёсии якҳизбӣ ба низоми сиёсии нави бисёрҳизбӣ таъмин гардид».
Ҳамчунин Ғайбулло Мирзозода илова намуд, ки «ин ҳуҷҷат аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст ва бинобар ин дар таърихи навини кишварамон рӯйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад».
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба чанд нафар шахсоне, ки дар рушду нумўи ноҳия саҳми босазо гузоштаанд, ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.