Кормандони бойгонии Хатлон бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ мубориза мебаранд
Қӯрғонтеппа, 28.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа машварати омӯзишӣ дар мавзӯи: «Роҳҳои пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кори соҳаҳои бойгонидорӣ» баргузор гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Қӯрғонтеппа Муҳаббатшо Шарипов, мудири бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ дод.
«Мақсад аз баргузории машварат- пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар самти низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти молиявии бойгониҳои байниидоравӣ мебошад»,-мегӯяд манбаъ.
Дар машварат мудирони бахши бойгонӣ ва директорони бойгонии байниидоравии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд.