Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз боду борони шадид огоҳ мекунад

Ноябрь 2, 2016 15:47

Душанбе, 02.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва меҳмонони кишварро огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 3-юм ва 4-уми ноябри соли равон дар қаламрави мамлакат (ба истиснои ВМКБ) ҳаво рӯ ба сардӣ меорад.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат иттилоъ доданд, дар ин рӯзҳо борон ва боди сарду сахт дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 10-15°С мерасад. Дар баъзе ноҳиҳои алоҳидаи кўҳӣ ва мавзеъҳои доманакўҳӣ борони шиддатнок ва дар ноҳияҳои марказӣ ва ҷануби мамлакат ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳавои тағйирёбанда табиист, ки роҳандозии корҳои саҳроӣ, молчаронӣ дар чарогоҳҳо, кори рафтуомади мошинҳо, фаъолияти муассисаҳои алоқа ва хадамоти коммуналиву таъминоти барқро ба мушкилӣ рӯ ба рӯ месозад ва кормандони соҳаҳо ва ниҳодҳои мазкур барои рафъи мушкилот бояд омода бошанд.

Ноябрь 2, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: Русия ва Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи рақамикунонӣ тақвият мебахшанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар кӯчаҳои Хуҷанд барои пешгирии ифлосшавии муҳити зист дурбинҳои назоратӣ насб гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад