Леонел Месси ва футболбозони Аргентина ба журналистон бойкот эълон кардаанд
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Капитани дастаи мунтахаби Аргентина Леонел Месси арз кардааст, ки аъзои дастаи мунтахаби Аргентина дигар мулоқоти худро бо рӯзноманигорон барпо нахоҳанд кард»-чунин овардааст аккаунти дастаи мунтахаби Аргентина дар Twitter.
Месси баъди ғалабаи дастаи мунтахаби Аргентина бар Колумбия (3:0) дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 шоми 16-уми ноябр ин баёнияро ба тасвиб расонидааст. Сабаби асосии норозигии Месси ва ёронаш он мебошад, ки хабарнигори «Radio Mitre» Габриэл Анелйо дар гузоришаш зикр кардааст, ки «ҳамлагари аргентинагиҳо Эсекиэл Лавесси пеш аз бозӣ бо дастаи мунтахаби Колумбия дар тамрингоҳи дастаи мунтахаб марихуана истеъмол кардааст». Аммо Лавесси ин хабарро бӯҳтон мешуморад.
Месси дар ҳузури бозингарони дастаи мунтахаб гуфтааст: «Рӯзҳои охир мо зери интиқоди шадид қарор дорем. Тӯҳмат ба унвони Лавесси хеле ҷиддӣ аст. Рӯзноманигорон бояд эҳтироми худро ба ҷо оранд. Моро баъди ҳунарнамоиамон дар дастаи мунтахаб танқид кардан мумкин аст, аммо ин навбат ба ҳаёти шахсии бозингар расидаанд, ки ин аз рӯи одоб нест. Агар ҳоло мо ба ин масъала хотима нагузорем, баъдан он идома хоҳад ёфт».
Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби Аргентина дар вохӯрии даври 12-уми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2018 дар қитъаи Амрикои ҷанубӣ дар майдонаш дастаи мунтахаби Колумбияро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Леонел Месси як голро муаллифӣ кард ва ҳаммуалифи ду голи дигар гардид. Баъди ин ғалаба дастаи мунтахаби Аргентина бо 19 имтиёз ба зинаи 5-уми ҷадвали мусобиқот баромад. Ин ба ӯ имкон медиҳад, ки барои ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон баромадан муборизаро идома диҳад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






