Мардум дар симои корманди милитсия муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои худ ва посбони амволи ҷамъияту давлатро мебинад
Душанбе, 09.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ мақомоти корҳои дохилӣ ба ниҳоди муқтадир ва мубориз дар муқобили ҷинояткорӣ табдил ёфт. Дар симои корманди милитсия мардум муҳофизи ҳуқуқу озодиҳои худ ва посбони амволи ҷамъияту давлатро мебинанд». Ин суханоне ҳастанд, ки ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик нисбат ба кормандону хизматчиёни мақомоти корҳои дохилӣ гуфта шуданд.
Бахшида ба ин рӯз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба як зумра шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, аз ҷумла ба РВКД дар вилояти Хатлон, ШВКД-и ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз, Қубодиён, Дӯстӣ, Ҷайҳун, инчунин ба раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон рафта, бо ҷараёни хизматбарии кормандони ин ниҳод шинос шуд.
Зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо хизматбарии сарбозону афсарон, шароити моддӣ-маишӣ, ҷойи хоб, ошхона, ҳаммом, толори варзишӣ шинос шуда, бо ҳайати шахсӣ, шаҳрвандон, собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ва ҷанговарони интернатсионалист вохӯрӣ доир намуд.
Ҳангоми вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода сарбозону афсарони қисми низомии мазкурро ба муносибати Рӯзи милитсия табрик намуда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва ҳифзу муқаддас доштани Ватани азиз сарбаландӣ ва музаффариятҳо таманно кард.
Мавсуф зимни мулоқот зикр кард, ки дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои тундраву ифротгаро кормандони мақомоти дохилиро зарур аст, ки дар ин ҷода фаъолияти хизматии хешро боз ҳам тақвият бахшида, дучанд ҷаҳду талош варзанд.
Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати беҳдошти вазъи иҷтимоӣ ва хизматии кормандони милитсия пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳамасола даҳҳо бинову иншооти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мавриди истифода қарор мегиранд. Чунин шароити созгор бозгӯи он аст, ки кормандлни милитсия дар таъмини волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо сипари боэътимоданд.








Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад






