Мусобиқа оид ба намуди гӯштини тарзи миллӣ бо ширкати бештар аз 100 паҳлавон ва ҳазорон мухлис дар Хоруғ доир гардид
Хоруғ, 17.11. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба мақсади ташкили дастаи нави мунтахаби гӯштини миллӣ беҳтарин паҳлавонон аз шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ гирди ҳам омаданд. Онҳо барои шомил шудан ба дастаи мунтахаби вилоят байни худ рақобат карданд.
Тавре директори Маҷмааи варзишии шаҳр, сардовари мусобиқа Бек Хисравов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: «Гӯштини миллӣ яке аз намудҳои зебо ва ҷолиби варзиш буда, дар байни мардуми тоҷик аз маҳбубияти хос бархурдор аст. Сол аз сол таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба ин намуди варзиш рӯ ба афзоиш ниҳодааст ва аксарияти онҳо малакаву маҳорати хуб нишон медиҳанд. Иддае аз паҳлавонон соҳиби ҷоизаҳои сабқатҳои ватанию байналмилалӣ мебошанд. Бинобар ин Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ба ин натиҷа расид, ки бо баргузории сабқати вилоятӣ беҳтаринҳоро аз байни онҳо баргузида, ба тими мунтахаб шомил гардонад».
Ба иттилои сардовари мусобиқа, паҳлавонон Комрон Мамадназаров, Акмал Хуҷазизов, Сайёд Шайхов, Санавбар Шанбиев дар вазни худ бар ҳарифонашон дастболо шуда, дар сархати ҷадвали мусобиқа ҷо гирифтанд.
Ғолибони сабқат бо туҳфаҳои раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед сарфароз гардонида шуданд.