Ҷоми ҷаҳон 2018. Дастаи мунтахаби Аргентина худро дар назди мухлисонаш сафед мекунад
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Аргентина оид ба футбол дар вохӯрии даври 12-уми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар қитъаи Амрикои ҷанубӣ дар майдонаш дастаи мунтахаби Колумбияро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ин ғалабаи аввалини Албиселесте дар чор бозии охири пайдарпай аст. Дар дақиқаи 10-уми бозӣ Лионел Месси аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро кушод. Баъди 13 дақиқа Лукас Пратто голи дуюми соҳибони майдонро ба самар расонид. Анхел Ди Мария дар дақиқаи 84-ум нуқтаи охирини голзаниро дар бозӣ гузошт. Баъди ин ғалаба дастаи мунтахаби Аргентина бо 19 имтиёз ба зинаи 5-уми ҷадвали мусобиқот баромад.
Ёдовар мешавем, ки аз Амрикои ҷанубӣ ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки дар Русия мегузаранд, 4 даста роҳхат мегирад. Вале дастаи панҷум барои як роҳхати дигар бо дастаи Уқёнус қувва меозмояд.
Бозиҳои дигари ин рӯз чунин натиҷа доданд:
Перу – Бразилия – 0:2
Голҳо: Жезус, 58 (0:1); Аугусто, 78 (0:2)
Боливия — Парагвай 1:0
Гол: Г. Гомес, 78 (автогол)
Эквадор – Венесуэла – 3:0
Голҳо: Мина, 51 (1:0); Боланос, 83 (2:0); Валенсия, 86 (3:0)
Чили – Уругвай – 3:1
Голҳо: Кавани, 17 (0:1); Варгас, 45+2 (1:1); Санчес, 60 (2:1); Санчес, 76 (3:1)
Ҷадвали раддабанди дастаҳо чунин шакл гирифтааст:
|








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






