Парчами миллӣ -рамзи ваҳдату ягонагӣ
Душанбе, 12.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ дар ташкилоти ибтидоии «Омор»-и Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зебо Исмоилова Парчамро рамзи озодӣ, ободӣ ва соҳибихтиёрии миллати тоҷик унвон кард.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Зулфиқор Гулаҳмадов иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-рамзи соҳибистиқлолии Ватан, иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа, дӯстиву баробарии халқҳои сокини давлати мо мебошад. Парчами давлатии мо анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






