«Рӯзи Президент аз мардум ва барои мардум аст» — шарҳи матбуот

Ноябрь 10, 2016 16:45

Душанбе, 10.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар стратегияву барномаҳои рушди миёнамуҳлат ва дарозмуддати мамлакат пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ тавассути тараққиёти индустриалӣ пешбинӣ шудааст, яъне дар давраи миёнамуҳлат ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат афзоиш ёфта, Тоҷикистон бояд аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ ва дорои саноати пешрафта табдил дода шавад» — бо ҳамин суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рубрикаи «Сухани рӯз» нашрияи расмии «Ҷумҳурият» (08.11.2016, №221) пешкаши хонандагон шудааст. Ҳамчунин дар ин шумораи нашрия Паёми Сарвари давлат ба муносибати Рӯзи Конститутсия дарҷ гардидааст. «Воқеан ҳам Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гарда, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтаанд» — омадааст дар Паёми Пешвои миллат. Сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳри Ҳисор ба таври муфассал дар шумораи мазкури нашрия инъикос шудааст. Мавриди зикр аст, ки зимни сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор кӯдакистони «Табассум», меҳмонхонаи «Усто Набот», маркази хизматрасонии «Сироҷиддин» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, комбинати металлургии тоҷик дар майдони умумии 15 гектар ба истифода дода шуд.

«Рӯзи Президент аз мардум ва барои мардум аст» — чунин ном дорад сармақолаи нашрияи «Ҷумҳурият» (09.11.2016,№222), ки дирӯз чоп шудааст. Бахшида ба Рӯзи Президент, ки 16 ноябр дар саросари мамлакат таҷлил мешавад, баргузории як зумра чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ дар назар аст. Тибқи нақша дар ин рӯз дар қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фароғатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барномаҳои фарҳангӣ, дар бинои Сирки давлатӣ ва театрҳо намоишномаҳо ба таври ройгон пешкаши мардум мегарданд. Ҳамчунин дар шумораи мазкури нашрия мақолаҳои «Китобҳои дарсӣ. Оё хонандагон пурра таъминанд?», «5,5 миллион сомонӣ қарздории ҳаққи истифодаи об дар минтақаи Кӯлоб», «Хатлон, чаро талаботи қарори Ҳукуматро нодида мегирем?» дарҷ шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (08.11.2016,№138) аз ҷараёни муҳокимаи парламентӣ оид ба иҷрои қонун дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016, ки таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ баргузор шудааст, бо сарлавҳаи «Чаро иҷрои буҷет ва назорати истифодаи маблағҳои давлатӣ мувофиқи матлаб нест?» гузориши муфассал дарҷ намудааст.

Мувофиқи маълумоти омории мақомоти гумрук, гардиши савдои хориҷӣ 2850,2 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 290,2 мил. доллари ИМА кам мебошад. Сабаби асосии таъмин нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ коҳиш ёфтани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ, махсусан коҳишёбии воридоти мол арзёбӣ мегардад, — таъкид шудааст дар муҳокимаи парламентии вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» дар саҳифаи наср ҳикояи Ғанӣ Ҷуразода «Занҷираи тилло», дар саҳифаи назм шеърҳои Мирзомурод Ҳошимзода ва Сайфулло Қулаевро нашр кардааст. Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи театри тоҷик мақолаи Алӣ Ризоро дар бораи Артисти халқии СССР Аслӣ Бурҳонов бо сарлавҳаи «Ӯ дар саргаҳи театри миллӣ буд» чоп карда, номаҳои Соҳиб Табаров ба Ғоиб Сафарзодаро бознашр шудаанд. Навиштаҳои дигари ҳафтанома: «Наттоқ тӯтӣ нест», «Хоки баланд», «Қиссаи Ҳофизи ноком», «Зиҳӣ Девона, девон монд аз худ…», «Арвоҳаки холдораки хоҳари ман…» ва дигар ба мухлисони шеъру адабу фарҳангу санъати миллат писанд хоҳанд омад.

Нашрияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» аз сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ҳисор гузориши муфассал бо аксҳо ва аз савгандёдкунии аъзои Маҷлиси миллӣ хабар чоп кардааст.

Мақолаи таҳлилии «Амнияти ҷомеа ва озодиҳои шахсият» ба қалами Имомназар Ҳақназаров тааллуқ дошта, дар мавзӯи муҳим навишта шудааст. Муаллиф андешаҳояшро чунин баён кардааст: «Алҳол байни ҷавонон ришмонӣ мисли мӯд шуда, иддае онро чун амали протестионӣ ё худ муқобилгузорӣ бо низоми расмии давлатӣ нишон додан мехоҳанд. Дар суҳбатҳои зиндаву озод бо мардум бояд ашхоси огоҳу салоҳиятнок, ба тариқи оммиёна, сода фаҳмонанд, ки риш чун суннати замони Пайғамбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с) ба он хотир ривоҷ дошт, ки дар он замони камнуфус ва сатҳи оддии зиндагӣ, мардум аксари вақт дар зери офтоби сӯзон мезистанд ва шабонгоҳҳо дар хаймаҳо паноҳ мебурданду дар ин биёбонҳо шамоли сахт мевазид ва тамоми гарду хоку қумро ба сару рӯи одам мерехт…».

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» аз интихоб шудани Доналд Трамп ба мансаби Президенти 45-уми Амрико мақолаи таҳлилӣ пешниҳоди хонандагони худ намудааст.

 

Ноябрь 10, 2016 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад