«Рақс моро муттаҳид менамояд!»- баргузории Фестивали байналмилалӣ дар Душанбе ба ифтихори 100-солагии Ғаффор Валаматзода
Душанбе, 18.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 24 ноябри соли равон Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд!» бо иштироки гурӯҳҳои ҳунарии ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ дар Душанбе баргузор мегардад. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
«Дар фестивал Ансамбли давлатии тарона ва рақсии «Кубанская казачья вольница»-и кишвари Краснодари Федератсияи Русия, гурӯҳи рақсии Иттиҳодияии консертии ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, ансамблҳои рақсии «Лола», «Гулрез», «Базморо», «Ҷаҳоноро», «Чаман», гурӯҳи рақсии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, ансамбли рақсии «Зебо»-и шаҳри Хуҷанд, гурӯҳи рақсии «Ситора»-и шаҳри Қурғонтеппа ва «Навои Бадахшон»-и шаҳри Хоруғ иштирок ва ҳунарнамоӣ менамоянд»,-иттилоъ додааст манбаъ.
Фестивали байналмилалии «Рақс моро муттаҳид менамояд» ба 100-солагии Ҳунарманди халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР ва Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ғаффор Валаматзода бахшида шуда, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ доир мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки 100-солагии Ғаффор Валаматзода бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ҷашнҳои имсолаи ЮНЕСКО ворид карда шудааст.
«22 ноябр дар назар аст гурӯҳҳои ҳунарии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба шаҳри Қурғонтеппа сафар намоянд ва барномаи ҷолибу рангини худро пешкаши сокинони шаҳр гардонанд»,-хабар доданд аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






