Сафири Тоҷикистон ба Президенти Муғулистон эътимоднома супорид
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри президентии шаҳри Улан Батор 15 ноябр Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулустон бо қароргоҳаш дар шаҳри Остона Назирмад Ализодаро барои қабули эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни маросими эътимодномасупорӣ, Назирмад Ализода паёму дуруд ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбэгдорж расонда, эътимодномаи худро тақдим намуд.
«Дар мулоқот Президенти Муғулистон ба Пешвои миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳ ва пешравӣ орзу намуда, инчунин омодагии кишвари худро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан муфид изҳор кард»,-таъкид намуд манбаъ.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






