Сайфиддин Назарзода: «Парчамдории миллати тоҷик ҳанӯз 5-6 ҳазор сол қабл дар китоби «Авесто» дарҷ гардида буд»

Ноябрь 23, 2016 15:39

Душанбе, 23.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар китоби «Авесто», ки таърихи навишти он қариб 5-6 ҳазор сол пеш аст, аз минтақаҳои муқаддаси кишварҳои ориёӣ номбар мешавад. Вақте навбат ба кишвари Бохтар мерасад, номи онро «кишвари Бохтар бо парчамҳои афрошта» ном мебаранд. Яъне мардуми мо соҳиби парчам ё бо парчамҳои афрошта будаанд, ки доир ба он дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти бадеӣ зиёд зикр шудааст»,-иброз дошт Сайфиддин Назарзода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) зимни барномаи фарҳангие, ки имрӯз дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи Прачами Тоҷикистон баргузор гардид.
Раъно Бобоҷониён, муовини раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ёдоварӣ аз таърихи парчамдории тоҷикон чунин иброз дошт: «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатдорӣ шинохта шудааст, албатта, дар як заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст. Дар иртибот ба омода кардани он аз сарчашмаҳои хеле зиёди таърихӣ ва фарҳангӣ истифода шудааст. Парчами давлатӣ ифодагари мақсаду маром ва орзую ормонҳои ҳар як миллату давлат аст ва ин мақсаду маром бо ранг ва нақшҳои хос дар он таҷассум ёфтаанд».
Дар барномаи фарҳангии мазкур кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва зиёда аз 200 нафар донишҷӯёни макотиби олии кишвар иштирок намуданд.

Ноябрь 23, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад