Сангвор: 668 ҳазору 927 сомонӣ барои давраи зимистон ҷудо гардидааст
Сангвор, 4.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар ҳайати 20 нафар ситоди фаврӣ созмон дод, ки мақсад аз ташкили ситод назорати соҳаҳои гуногун ва омодагии онҳо ба давраи зимистон мебошад.
Тибқи иттилои маъулини ноҳия, барои гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 аз буҷаи маҳаллии ноҳия 668 ҳазору 927 сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ин ҳисоб 485 ҳазору 971 сомонӣ барои гармидиҳӣ ва 182 ҳазору 956 сомонӣ барои пардохти ҳаққи қувваи барқ пешбинӣ шудааст.
Ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Сангвор бо бухорию дудкашҳо ва генераторҳои барқӣ таъмин буда, дар муассисаҳои мазкур 236 тонна ангишт, 358 метри мукааб ҳезум ва 1410 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст.