Шӯрои иттилоотии ИДМ ба Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён дастгирии иттилоотӣ мерасонад
Душанбе, 17.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони ҷаласаи 22-юми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилотии давлатии ИДМ (Шӯрои иттилоотии ИДМ) оид ба ҳамкории эҷодӣ дар инъикоси 19-умин Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён, ки дар шаҳри Сочи соли 2017 баргузор мегардад, қарор қабул карданд.
«Анъанаҳои ҳаракати ҷашнворавиро нигоҳ дошта, ин форум бояд марҳилаи нав дар муттаҳидгардонии насли ҷавон дар атрофи ғояи сулҳу дӯстӣ гардад. Агентиҳои иттилоотии давлатӣ, албатта, метавонанд ва уҳдадоранд, ки барои ин ҷашнвора фазои иттилоотии мусоид фароҳам оранд», — таъкид кард Сергей Михайлов, Раиси Шӯрои иттилоотии ИДМ, директори кулли агентии ТАСС.
Интизор меравад, форуми ҷавонон, ки 14-21 октябри соли 2017 дар шаҳри Сочи баргузор мегардад, беш аз 20 ҳазор ҷавонписарон ва ҷавондухтаронро аз беш аз 150 кишвар ҷамъ орад. Роҳбарони агентиҳои иттилоотӣ роҷеъ ба инъикоси омодагӣ ва гузаронидани ин рӯйдоди калонтарини ҷавонон, ки ба муттаҳидсозии одамони пешрафтаи сайёра — пешвоёни ташкилотҳои ҷавонон, намояндагони касбҳои эҷодӣ, муҳандисон, рӯзноманигорон, олимон ва сиёсатмадорон равона шудааст, диққати махсус зоҳир намоянд.
Иштирокдорони ҷаласаи Шӯрои иттилоотии ИДМ, ки дар Маркази Ҳайдар Алиев баргузор шуд, лоиҳаҳои муштаракро, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор доранд ва барои ояндаи наздик пешбинӣ шудаанд, баррасӣ карданд. Ба сифати намунаи ҳамкории муваффақ намоиши аксҳои бахшида ба 25-умин солгарди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли равон ҷашн гирифта мешавад, «Тақвими санаҳо ва рӯйдодҳои муҳими иттиҳод» ва инчунин сархати умумии хабарҳо ва маълумоти визуалӣ дар сомонаи Ассотсиатсияи агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои аъзои ИДМ оварда шуданд.
Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх доир ба ташкили намоиши аксҳо дар Беларус ва Молдова, ки фаъолияти башардӯстонаи ин ташкилотро фаро мегирад, муаррифӣ карда шуд. Иштирокдорони Шӯрои иттилоотии ИДМ таҷрибаи гузаронидани сафарҳои матбуотӣ (пресс-тур) ва семинарҳои эҷодӣ барои хабарнигорон ва мухбир-суратгиронро таҳлил карданд. Зарурати идома додани ин чорабиниҳо ва зиёд кардани шумораи нашрияҳоро дар мавзӯи сайёҳии ватанӣ ва Соли оила, ки дар ИДМ соли 2017 эълон шудааст, таъкид карданд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар бораи рӯйдодҳо ва чорабиниҳои муҳими соли ояндаи фазои иттиҳод маълумот дод.
Шӯрои иттилоотии ИДМ моҳи ноябри соли 1995 ташкил шудааст. Ба ҳайати он роҳбарони хадамоти иттилоотии давлатии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова ва Русия шомил мебошанд.
Фаъолияти Шӯрои иттилоотии ИДМ ба таъмини ҳамоҳангӣ ва ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи иттилоот, фароҳам овардани шароити мусоид барои паҳни бемамониати иттилоот, табодули самараноки таҷрибаи фаъолияти касбӣ ва инчунин таҳкими шарикии иттилоотӣ равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар кори ҷаласаи 22-юми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ (Шӯрои иттилоотии ИДМ) дар Боку муовини директори АМИТ «Ховар»-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарварой Азимова иштирок дорад.








Сафири Тоҷикистон бо волии шаҳри Анқара мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуд
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Теҳрон маҳфили бузургдошти Одамушшуаро Рӯдакӣ таҳти унвони «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири авқоф ва корҳои исломии Давлати Қатар мулоқот намуд
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмии Миср мулоқот намуд
Татбиқи лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Сафири Тоҷикистон бо сардори Идораи Осиёи Марказии Вазорати умури хориҷаи Эрон мулоқот намуд






