Шабакаи барқии шаҳри Душанбе ба зимистонгузаронӣ омода буда, маводи зиёди зарурӣ дастрасанд
Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 20 ноябри соли равон ҳаво дар мамлакат якбора сард шуда, бориши барф ба амал омад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳукумати шаҳр пурра ба давраи зимистон омода буда, дар сардиҳое, ки аз аввали ҳафтаи равон ба амал омаданд, ба ягон мушкилии ҷиддӣ дучор нашудаанд.
Абдуалим Самизода, сармуҳандиси шабакаи барқии шаҳри Душанбе баён намуд, ки то имрӯз ягон садамаи баландшиддати барқӣ ба қайд гирифта нашудааст.
«Шабакаи барқии шаҳри Душанбе ба зимистонгузаронӣ омода буда, маводи зиёди зарурӣ дастрас карда шудаанд. Хатҳои барқии иловагии 16- километра насб гардидаанд», -гуфт Абдуалим Самизода.
Ба гуфтаи мавсуф, дар шаҳри Душанбе дар як шабонарӯз 11 миллиону 910 ҳазору 988 кВ барқ ба аҳолӣ дода мешавад, ки ин миқдор барқ нисбат ба барқи фасли тобистон ду маротиба зиёд аст. Ҳоло садамаҳои пастшиддати барқӣ нисбат ба солҳои пешин бамаротиб кам гардидаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






