Шариф Саид ҷомеаи соҳибкории Покистонро барои иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон» даъват кард

Ноябрь 29, 2016 10:24

Душанбе, 29.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Тариқ Иқбол Сомроро ба ҳузур пазируфт.
Тавре аз маркази матбуоти ин ниҳод хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили рушди ҳамкории равобити иқтисодию тиҷоратии дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон ва гузаронидани намоишҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
«Миёни Тоҷикистон ва Покистон нуқтаҳои муштарак барои ҳамкории мутақобила зиёданд. Ин имкон медиҳад, то байни ду кишвар лоиҳаҳои нави содиротиву сармоягузорӣ рушд ёбанд»,-зикр намуд Шариф Саид.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар Душанбе дар доираи ҳамкории корӣ намоиши навбатии маҳсулоти покистонӣ ва форуми тиҷоратии Тоҷикистону Покистон гузаронида шавад. Дар ҷамъбасти мулоқот Шариф Саид изҳори умедворӣ намуда, барои густариши минбаъда ва рушди ҳамкории Тоҷикистону Покистон ҷомеаи соҳибкории Покистонро ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии намоишгоҳ-ярмаркаи «Тоҷикистон», ки 24- 26 декабри соли равон дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дават намуд.

Ноябрь 29, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Геологҳои ҷавон» муайян гардиданд
«МегаФон Life»: ҳама имкониятҳои қулай дар зери даст!
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд
Намояндагони ВАО бо фаъолияти истгоҳҳои базавии алоқаи барқии ширкатҳои мобилии вилояти Суғд шинос гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Суғд беш аз 75 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Дар истироҳатгоҳи «Ширкент» зиёда аз 1300 нафар кӯдакону наврасон истироҳат менамоянд
Қарзи давлатии ҷаҳонӣ ба 102 триллион доллар расид
Дар ноҳияи Рӯдакӣ 933 ҳолати қоидавайронкунии истифодаи неруи барқ ошкор карда шуд
Дар Маркази солимгардонии Суғд беш аз 200 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳат ҷалб гардидаанд
Сокинони Анқараро даъват карданд, ки обро сарфакорона истифода намоянд