Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон тасдиқ карда шуд
Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тасвиб расониданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди вакилони мардумӣ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурҷон Умаров ва вакили Маҷлиси намояндагон Қобилҷон Аҳмадов сухан гуфтанд.
Зикр гардид, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
«Дар доираи Созишномаи мазкур дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон сохтмони се комендатура, чор дидбонгоҳи сарҳадӣ, чор пости сарҳадӣ ва як маркази таълимӣ, сохтмони биноҳои маъмурӣ-хизматӣ, хобгоҳҳо, майдончаҳои тамринӣ, анборҳо ва дигар иншооти ёрирасон, инчунин муҷаҳҳазгардонӣ бо мебелу асбобу лавозимот пешбинӣ гардидааст», — зикр кард Мансурҷон Умаров.
Таъкид гардид, ки Созишнома бо назардошти пешгирӣ намудан аз таҳдидҳо ва хатарҳои мунтазами созмонҳои террористии байналмилалӣ ба амнияти Тоҷикистон баста шудааст. Қобилҷон Аҳмадов, вакили Маҷлиси намояндагон изҳор кард, ки «Созишнома байни Тоҷикистон ва Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ба Конститутсия ва дигар сандаҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон мухолифат надорад».
Ҳамин тавр, вакилони мардумӣ дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба сохтмони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд






