Зариф Ализода: «Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои Осиёи Марказист, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро таъсис додааст»

Ноябрь 19, 2016 10:47

Душанбе, 19.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ба ҳамаи мушкилиҳои имрӯза нигоҳ накарда, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳои дорои чунин ниҳод дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Албатта, таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи кӯдак барои мо хеле муҳим аст, зеро зиёда аз 35 фоизи аҳолии кишварро кӯдакон ташкил медиҳанд». Ин суханон дирӯз зимни ҳамоиш таҳти унвони «Таҳияи механизмҳои ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ» дар дафтари Ваколатдор оид ба ҳукуқи инсон дар Тоҷикистон аз ҷониби Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баён гардиданд.
Зариф Ализода мақсади асосии таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро хуб ба воя расонидан, дастгирӣ кардан, маълумотнок ва ихтисосманд кардани насли наврас ҳисобид.
«Ҷамъомади имрӯза яке аз шаклҳои ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Чуноне ки мақомоти ваколатдор ҳамчун яке аз механизмҳои маъмули ҳамкорӣ байни мақомоти давлтӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар маъмул аст, ин ҳамкорӣ дар доираи назорат вобаста ба иҷрои Конвенсияи «Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак», санадҳои иловагӣ вобаста ба Конвенсияи мазкур ва тавсияҳое, ки аз ҷониби кумитаҳои дахлдори Созмони миллали Муттаҳид пешниҳод мешаванд, амалӣ мегарданд»,-иброз дошт Ҳокимбек Содиқзода, намояндаи Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Салоҳиддин Шамсиддинов, намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ҳамоиш гуфт: «Мо дар ҳамкорӣ бо дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ талош меварзем, ки ҳар як кӯдак дар муҳити бехатар ба воя расад. Тамоми тадбирҳое, ки нисбат ба кӯдакон андешида мешаванд, ба манфиати кӯдакон равона шудаанд,зеро кӯдакон ояндаи ҷамъиятанд».
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 баъди соҳибистиқлол гардидан яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид «Оид ба ҳуқуқи кӯдак»-ро ба тасвиб расонид.

Ноябрь 19, 2016 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад