22 декабр-Рӯзи энергетикҳо: Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардид
«Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад».
Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии ҶТ, 22. 12.2016.
ДУШАНБЕ, 22.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи энергетикҳо ҷашн гирифта мешавад. Дар қарни ХХI энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди энергетика рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани истиқлолияти энергетикии мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегӣ эълон намуда, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми тадбирҳои судмандро андешида истодааст.
Ҳамасола дар кишвар садҳо неругоҳҳои хурду миёна мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар баробари ин, барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар боз бунёди даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург ба нақша гирифта шудааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика ба мо муяссар шуд, ки дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо маблағгузории 36 миллиард сомонӣ иншооти хурду бузурги муҳимро оид ба истеҳсолу интиқоли барқ ба истифода диҳем. Аз ҷумла, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд гардида, зиёда аз 1300 мегаватт иқтидорҳои нав ба кор андохта шуданд.
Қобили зикр аст, ки тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне неруи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад.
Бо назардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем. Бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф ва азхудкуниву истифодаи самараноки захираҳои бузурги энергетикии мамлакат ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Дар қатори бунёди неругоҳҳои барқи обӣ сохтмону барқарорсозии иқтидорҳои дигари энергетикӣ, аз ҷумла навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо тавоноии 400 мегаватт амалӣ карда шуд, ки ба таъмин намудани иншооти гуногун ва сокинони шаҳри Душанбе бо гармӣ ва коҳиш додани норасоии барқ дар фасли зимистон равона гардидааст.
Илова бар ин, таҷдиди НБО «Сарбанд» ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ оғоз гардида, соли 2017 марҳалаи якуми барқарорсозии НБО «Норак» дар ҳаҷми 3 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи 600 миллион сомонӣ шурӯъ мешавад. Рӯйдоди муҳими таърихӣ дар ин самт оғози бунёди сарбанди НБО «Роғун» мебошад, ки чанде пештар сурат гирифт.
Аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмон ба иншооти зикршуда 12 миллиард сомонӣ, аз ҷумла соли 2016-ум 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Имрӯз корҳо дар ин иншооти тақдирсоз босуръат идома доранд ва тибқи нақша агрегати аввали он то охири соли 2018 ба кор дароварда мешавад.
Масъулияти кормандони ин соҳаи воқеан ҳаётофар дар мавриди таъмини зиндагии хушу гуворои халқ, рӯшании ҳар хонадон, ободию чароғонкунии кӯчаю маҳалла ва шаҳру диёр бағоят бузург аст. Мо заҳматҳои зиёд ва ташвишу тараддудҳои ҳамарӯзаи энергетикҳо ва ҷомеаҳои меҳнатии барқрасонро хуб дарк мекунем. Хосса, бо фарорасии фасли сармо ин ташвишҳо чанд баробар меафзоянд. Баробари ин ҳисси масъулиятшиносии ҳар як корманди соҳаро дар иҷрои содиқонаи вазифа хуб эҳсос менамоем. Маҳз ҳамин ҳисси масъулият аст, ки новобаста аз мушкилоти мавҷуда кормандони шабакаҳои барқрасон шабу рӯз баҳри беҳтар таъмин намудани эҳтиёҷоти мардум ва хоҷагии халқ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.
Дар ояндаи наздик бо хизмати софдилона ба пурра амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои асосии стратегии худ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд






