Амали хайри боз як ҷавони тоҷик дар Москва дар арафаи Соли нав
ДУШАНБЕ, 31.12.2016./АМИТ “Ховар”/. Умар, як муҳоҷири меҳнатӣ аз ноҳияи Файзободи Тоҷикистон, ки муваққатан дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунад, бо як амали некаш вирди забони истифодабарандагони шабакаи Интернет шуд. Ҳоло ҳазорон нафар ба ӯ аҳсант мехонанд.
Бахши узбекии радиои «Озодӣ” сӯҳбати видеоии Умар, муҳоҷири 30-солаи тоҷикро нашр кардааст. Умар дар ин мусоҳиба бо як лаҳни шикастаи русӣ мегӯяд, ки дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ба дунё омадааст: «Бепадар калон шудам. Падарам, шукр, зинда, вале мариз аст. Аз ин рӯ маро модарам ба воя расонд.”
Дар шарҳи амали савобе, ки номи ин фурӯшандаи мева дар бозори «Фуд-Сити”-и Москваро машҳур кард, Умар хоксорона мегӯяд: “Коре ки ман кардам, корест, ки ҳар инсон бояд кунад.”
Сокини шаҳри Москва Ирина Фесенко ҳафтае пеш қиссаи ҳаяҷоновари ин фурӯшандаи меваву сабзавот дар яке аз бозорҳои пойтахти Россияро дар саҳифааш дар Фейсбук нашр карда, навишт, ки аз ҷавонмардиву саховати Умар ангушти ҳайрат газидааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракае ҷараён дошт, ки дар он аз мардуми савобҷӯ мехостанд, то ҳар кадом ба бемористонҳои кӯдакони дардашон табобатнашаванда якхалтаӣ мандарин биоранд ва бо ин барои ин кӯдакони рӯ ба марг фазои солинавӣ бисозанд. Ирина Фесенко низ ба хотири савоб ба «Фуд- Сити”, яке аз бозорҳои умдафурӯшии Маскав ворид мешавад ва се халта мандарин мехарад.
Ӯ менависад, вақте ин се халта дар дасти тоҷири тоҷик аз бозор берун мешуд, чашмаш ба харбуза меафтад. Ҳангоми дар тарозу баркашидани харбуза фурӯшанда аз Ирина пурсидааст, ки магар се халта мандарин барояш вазнин нест?
Ирина ба ӯ мегӯяд вазнин ҳам бошад, бурдан лозим, чунки ӯ ин ҳамаро барои худаш не, балки ба ҳоспис мебарад. Фурӯшанда, ки русиро хуб намедонист, гашта ҷои бурдани мандаринҳоро мепурсад ва чун мефаҳмад, ки хоспис – ин муассисаи тиббӣ барои беморони дардашон табобатнашаванда аст, ба риққат меояд ва як сандуқ хурморо пеши Ирина мегузорад, ки “бигир, инро аз номи ман ба он кӯдакони бемор бубар”.
Ирина менависад, ки саховати ин муҳоҷири меҳнатӣ қалби ӯро тасхир намуд. Вай мехоҳад сандуқи помидорҳоро ба ин баҳона, ки шояд барои он кӯдакон истеъмоли сабзавот мумкин набошад, баргардонад. Вале Умар бо исрор помидорҳоро ба дасташ дода, мегӯяд: «Мумкин аст барои онҳо, ман медонам”.
Пости Ирина Фесенко дар Фейсбук мавҷи истиқбол аз ин амали хайри Умарро дар пай овард. То имрӯз беш аз 4500 нафар ин постро бознашр кардаанд. Дар зери матлаби Ирина Фесенко дар зарфи як ҳафта 1500 нафар шарҳ навиштаанд.
Хотиррасон менамоем, ки як сол пеш ҳамин гуна қиссаи як муҳоҷири дигари тоҷик Забеҳуллоҳ Шафеъзода дар Москва вирди забонҳо шуда буд. Забеҳуллоҳ пулу санадҳои гумкардаи як духтари ҷавони сокини Москваро ба соҳибаш баргардонд. Дар пайи ин дар Интернет маъракаи густардае оғоз ёфт, одамон аз гӯшаю канори гуногуни олам аз ин амали савоби ҷавони тоҷик қадрдонӣ карданд. Вале Забеҳуллоҳ боз як ҷавонмардии дигар нишон дод: пулҳои ба ҳисобаш рехтаи мардумро ба ҳисоби кӯдаке гузаронд, ки маризи саратон буд ва хонаводааш барои ҷарроҳии вай сахт ба пул ниёз дошт.








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






