Ҷамъбасти фаъолияти вазорату идораҳо дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони вазорату идораҳои масъул ба масъалаҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар баргузор карданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти КҲФ хабар доданд, «дар ҷараёни семинар ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии ҶТ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода»-ро баррасӣ намуданд».
Дар семинар ҳамчунин фаъолияти вазорату идораҳо дар 11 моҳи соли ҷорӣ дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва корҳо дар иртибот ба мудофиаи гражданӣ ҷамъбаст шуданд.
«Ҳадафи аслии роҳандозии ин гуна чорабиниҳо такмили малакаҳои ҳосилшуда дар самти мудофиаи гражданӣ миёни кормандони вазорату идораҳои дахлдор, ҳамчунин омодагӣ ба зуҳури ҳар гуна ҳолатҳои фавқулода мебошад»,-хабар дод манбаъ.
Зимни семинар инчунин камбудиҳо зикр ва муҳлати бартараф намудани онҳо муайян карда шуд. Ҳамчунин бо мақсади татбиқи самараноки минбаъдаи Қарор баргузории чандин чорабинӣ дар соли оянда тарҳрезӣ гардид.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






