Ҷавонони шаҳри Ваҳдат аз эълон гардидани «Соли 2017 -соли ҷавонон» сарфарозанд
ВАҲДАТ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сокинони шаҳри Ваҳдат тавассути шабакаҳои телевизион Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар корхонаю муассисаҳо, марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва чойхонаҳои ҷамъиятӣ тамошо намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири бахши ҷавонон Маъруфҷон Азиззода иттилоъ дод.
Инчунин бо ибтикори бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр баъд аз анҷоми ироаи Паёми Пешвои миллат дар маркази шаҳр дар мавзӯи «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» ҳамоиши тарғиботӣ баргузор гардид. Ҳамзамон дар назди қасри фарҳанги шаҳр барномаи консертии идона бо ҷалби васеи ҷавонон доир шуд.
«Мақсад аз баргузор гардидани ҳамоиши ҷавонони шаҳр- ин истиқбол гирифтани эълони «Соли 2017 -соли ҷавонон» буд, ки имрӯз зимни ироаи Паём аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид. Ҳадафи пешниҳод-муттаҳидии насли ҷавон, мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ миёни ҷавонон ва дар якҷоягӣ мубориза бурдан бар зидди омилҳои номатлуби ҷомеа мебошад»,- гуфт Сафарбег Саидов, сармутахассиси бахши ҷавонони шаҳри Ваҳдат.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






