Баргузории ҳамоиши «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мо-ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайрави ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории Ватани биҳиштосоямон — Тоҷикистони муосир то абад боқӣ мемонем.
Ин андешаи ҷавононе буд, ки имрўз дар Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон «Ориёно» барои тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.
Дар ин ҳамоише, ки бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, беш аз 300 нафар ҷавонон иштирок доштанд.
Фирўз Табаров, раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе пас аз ироаи Паём ба хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин иброз дошт: «Пешниҳоди муҳим ва бисёр ҷолиб барои ҷавонон- ин эълон гардидани «Соли 2017 — соли ҷавонон» буд. «Пешвои миллат ҳамеша ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд ва ин иқдом барои мо ногаҳонӣ набуд. Мо, ҷавонон медонем, ки ҳамасола зимни ироаи Паём Пешвои миллат аз ҷавонон ёдовар шуда, ягон иқдоми наҷиб барои пешрафти фаъолияти онҳо пешниҳод менамоянд», — илова намуд Фирӯз Табаров.
Судоба Шарифзода, хонандаи синфи 11-и мактаби №56, гирандаи стипендияи президентӣ баён дошт, ки «мо, ҷавондухтарон доим ҳидоятҳои наҷиб ва созандаи Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда, пайваста кӯшиш мекунем, ки барои Ватани маҳбубамон хизмат намоем. Президенти кишвар ба занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд. Як нуктаи Паёми имрӯза низ барои ҷалби занону духтарон ба муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ бахшида шуда буд. Бино ба андешаи Пешвои миллат, мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар зинаҳои гуногун квота ва имтиёзҳо муқаррар шаванд. Чунин иқдом яке аз роҳҳои таъмин намудани баробарҳуқуқии занону мардон мебошад»
Бояд гуфт, ки дар даромадгоҳи Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» китобҳо ва асарҳои Пешвои миллат ба тамошо гузошта шуда буданд.
Каримҷон Салимзода , роҳбари клуби ҷавонони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар баён дошт, ки Пешвои милат яке аз сиёсатмадорони маъруфи ҷаҳон маҳсуб ёфта, беш аз ҳама ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Пас аз анҷоми Паёми Сарвари кишвар ҳамоиши тарғиботӣ таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид, ки дар он маводи тарғиботӣ, аз ҷумла варақаҳои иттилоотӣ, нишони сарисинагии «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат» ва тақвимҳои кисагӣ ба меҳмонон ва сокинони пойтахт тақдим гардиданд.
Тавассути ҳамоиши имрӯза ҷавонон мехостанд самимият ва дастгирии худро ба Пешвои миллати тоҷикон нишон диҳанд.
Насли ҷавони кишвар талош дорад сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Сарвари давлатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу ваҳдат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузорад.
Л. ТОИРӢ








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






