Баррасии Барномаи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 дар Парлумон

Декабрь 26, 2016 15:38

ДУШАНБЕ,26.12.2016/АМИТ«Ховар»/. Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат баррасӣ шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Муҳаммадато Султонов котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҳадаф, афзалият, вазифа ва самтҳои амалиётро ҷиҳати гузариш ба модели нави сифатноки рушди иқтисодӣ муайян менамояд. Модели нав рушди босуръати соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва бахши молиявиро таъмин намуда, ба бозорҳои нави содиротӣ роҳ мекушояд, воридоти истеъмолиро маҳдуд сохта, вобастагии кишварро аз маблағҳои интиқолӣ коҳиш медиҳад.
Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

Декабрь 26, 2016 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Қатар барои сарфа ва тоза кардани об технологияҳои нав истифода мебарад
РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАНГАЛ. Дар Тоҷикистон 8 намуди навъи нави писта ва чормағз парвариш карда мешавад
Дар Шветсия бузургтарин ҷаҳиши солонаи нархи ғизо дар 70 соли охир ба мушоҳида расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 26 дараҷа гарм мешавад
Моҳи март дар осмон якбора чанд сайёраро дидан мумкин аст
Зарари умумии заминларзаи Туркия аз 105 миллиард доллар гузашт
«МАЛИКАИ НАВРӮЗ — 2023». Дар Кӯлоб озмуни вилоятӣ доир карда шуд
Дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии вакилони палатаи поёнии Парлумон ба анҷом расид
Муҳаққиқон хабар доданд, ки ба истеҳсоли қаҳва тағйирёбии иқлим таҳдид мекунад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ба амал меояд
Бар асари омадани сел дар Туркия 15 нафар ҳалок шуд