Дар Хуҷанд консерти Ансамбли академии давлатии халқии русии «Россия» баргузор гардид
ХУҶАНД, 13.12.2016. /АМИТ Ховар/. Дирӯз дар қасри фарҳанги «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд консерти Ансамбли академии давлатии халқии русии «Россия» ба номи Людмила Зикинаи Федератсияи Россия доир гардид.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ Ховар роҳбари бадеии ансамбл Дмитрий Дмитриенко иброз дошт, «сафари ҳунарии ансамбли мазкур дар доираи баргузории рӯзҳои фарҳангии Федератсияи Россия дар Тоҷикистон бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ду кишвар доир гашта, он ба санаи таърихи муҳорибаи назди Маскваи соли 1942 бахшида шуд». Ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, пос доштани хотири ҷанговарони далери Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, яъне озодкунандагони шаҳри Масква буд, ки дар қатори онҳо садҳо родмардони тоҷик низ ҷони худро фидо намудаанд. Аз ҷониби дигар он замина барои мустаҳкам кардани дӯстиву рафоқати ду халқи дӯст ва густариши ҳамкории Тоҷикистону Россия мебошад.
Бояд гуфт, ки ҳайати ҳунарии 22- нафараи гурӯҳи мазкур зимни сафари худ дар Хуҷанд 12 декабр аз мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии шаҳр, аз қабили Қасри Арбоб, Маҷмааи таърихию фарҳангиии «Қалъаи Хуҷанд» ва Маҷмааи фарҳангӣ-таърихии «Истиқлол» дидан намуда, бегоҳии ҳамон рӯз дар «Кохи Рӯдакӣ»-и маркази вилоят баҳри ҳаводорони санъат ва дӯстдорони мусиқӣ барномаи ҷолиби иборат аз 19 барномаи консертиро пешниҳод намуд.
Ёдовар мешавем, ки Ансамбли мазкур соли 1977 бо ташаббуси Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Людмила Зикина таъсис ёфт ва ӯ то охири умр ба он роҳбарӣ намуд. Баъдан ансамбли мазкур ҷиҳати абадӣ гардонидани хотираи ин ҳунарманд номи Людмила Зикинаро гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар






