Дар Қӯрғонтеппа зиёда аз 11 км роҳҳо қирпӯш гардиданд
ҚӮРҒОНТЕППА, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз аввали соли равон дар шаҳри Қӯрғонтеппа 6,3 км роҳҳо таъмири ҷорӣ карда шудаанд.
Тавре аз маркази матбуоти раиси шаҳр ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» итттилоъ доданд, то ин муддат 11,4 км роҳҳо қирпӯш карда шудаанд.
«Ҳамзамон сафолакпӯш намудани роҳравҳои кӯчаю хиёбонҳо дар масоҳати 12 203 метри мураббаъ ба анҷом расонида шудааст. Ҳамаи корҳо аз тарафи Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳр ба анҷом расонида шуда, маблағи он 12 млн. 577,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 239,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад»,-зикр кард манбаъ.
Дар ин муддат аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 0,15 км роҳҳо асфалтпӯш карда шудаанд.