Дар Суғд 27,8 ҳазор метр матои адрасу атлас истеҳсол гардид
ДУШАНБЕ, 27.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози фаъолияти марказҳои адрасу атласбофӣ дар вилояти Суғд дар маҷмўъ 27,8 ҳазор метри тўлонӣ матои адрасу атлас истеҳсол гардид. Ҳамчунин 159 маркази таълимию истеҳсолӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят ташкил шуда, дар онҳо 490 дастгоҳи адрасу атласбофӣ насб гардиданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз идораи кор бо занон ва оилаи вилоят хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, теъдоди ҳунармандони адрасу атласбоф дар ин марказҳо 240 нафар ва шогирдони ба онҳо вобаста 1149 нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин, дар вилоят 52 маркази қолинбофии дастӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 190 дастгоҳи қолинбофӣ насб карда шудаанд.
«Давоми ёздаҳ моҳи соли 2016- 22449 нафар шаҳрванд ба омўзиши касбу ҳунар, аз ҷумла ба қолинбофӣ 554 нафар, сўзанидўзӣ 107 нафар, қуроқдўзӣ 78 нафар, гулдўзӣ 181 нафар ва зардўзӣ 37 нафар фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти марказҳои таълимию истеҳсолии адрасу атласбофӣ ва қолинбофии дастӣ ва эҳёи дигар ҳунарҳои мардумӣ «Мактаби эҳё ва рушди адрасу атласбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ» таъсис шуда, марказҳои ҳунаромўзӣ фаъолияти худро таҳти сарпарастии ин муассиса давом дода истодаанд»,-зикр намуд манбаъ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






