Дар вилояти Суғд дар даҳ моҳ 646 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардид
Душанбе, 03.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» дар Прокуратураи вилояти Суғд ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят баргузор гардид. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.
«Дар ҷаласа ҳолати иҷрои қонунгузорӣ оид ба мубориза бар зидди коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар муассисаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт»,-хабар дод манбаъ.
Зикр гардид, ки Прокуратураи вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят ба масъалаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ошкор ва тафтиши ин қабил ҷиноятҳо диққати махсус медиҳад. Ҳамин буд, ки тайи даҳ моҳи соли равон 646 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гашта, ба маблағи 47,9 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян карда шуд.








ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад






