Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок мекунад

Декабрь 12, 2016 09:59

Душанбе, 12.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин иштирок мекунад. Дар ин бора аз ФФТ хабар доданд.
«Мусобиқа аз 8 то 21 январ дар шаҳри Санкт-Петербург мегузарад. Дар он дастаҳои мунтахаби ҷавонони Россия, Словакия, Юнон, Озарбойҷон, Булғория, Ҳиндустон, Эрон, Словения, Беларус, Қазоқистон, Эстония, Латвия, Литва, Молдова ва Тоҷикистон иштирок мекунанд»,-хабар медиҳад манбаъ.
Тибқи низомномаи мусобиқа 16 даста дар чор гурӯҳ бо ҳам мусобиқа меороянд. Ду дастаи беҳтарин аз гурӯҳҳо муборизаро барои Ҷом идома медиҳанд ва бо ҳам ҷойҳои аз 1 то 8-умро тақсим мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар вохӯриҳои плей-офф барои худ ҷойҳои боқимондаро муайян менамоянд.

Декабрь 12, 2016 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид