Эмомалӣ Раҳмон: «Қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем»

Декабрь 22, 2016 16:57

ДУШАНБЕ, 22.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони истиқлолият мо ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ҷиҳати таъмини рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишварамон ва давлатҳои ҳамсоя ноил шуда, қаламрави сепорчаи Тоҷикистонро танҳо дар замони истиқлолият ба як кишвари воҳид табдил додем. Ин матлабро Пешвои миллат имрӯз дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, дар ин давра беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.
Зимни ироаи Паём ҳамчунин зикр гардид, ки имрӯзҳо дар кишвар 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Дар солҳои охир роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат- Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе- Турсунзода, Айнӣ- Панҷакент ва Восеъ-Ховалинг ба маблағи умумии наздик ба се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд.
Инчунин сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз (қитъаи Шӯрообод- Шоҳон) ва роҳи Сайрон- Қарамиқ идома дорад.

Декабрь 22, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд