Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муттаҳидона баҳри истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон чораҳои муассир андешад»

Декабрь 2, 2016 10:17

Душанбе, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Чехия шаҳри Прага мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан баргузор гардид, ки дар ҷараёни он маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба муносибатҳои дуҷониба ва мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули андеша сурат гирифт.
Дар изҳороти матбуотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан мавқеи ҳамсон ё ягонаи ҷонибҳо барои тақвияти мубориза алайҳи чунин падидаҳои харобиовари ҷаҳони муосир, аз қабили терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории фаромиллӣ таъкид гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон атрофи қазияи Афғонистон иброз кард: «Вобаста ба масъалаи мазкур мо ба натиҷа расидем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд муттаҳидона баҳри истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути мусоидат ба эҳёи иҷтимоию иқтисодии он чораҳои муассир андешад».

Декабрь 2, 2016 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд