Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ табдил мегардад»
ДУШАНБЕ, 22.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил меёбад. Дар робита ба ин имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Парлумони кишвар зикр намуданд, ки «дар давраи миёнамуҳлат бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ таҷдид ва навсозии зиёда аз 2000 километр роҳҳои мошингард пешбинӣ гардидааст». Ин тадбир бо мақсади пурра ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ гардонидани роҳҳои мошингард ва дигар инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон андешида шудааст.
Ҳамзамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ бо дахли аҳамияти муҳими соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт зикр карданд, ки «имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 6,5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Таъкид гардид, ки дар солҳои охир роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб (қитъаи Ваҳдат-Ёвон), роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода, Айнӣ- Панҷакент ва Восеъ-Ховалинг ба маблағи умумии наздик ба се миллиард сомонӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, сохтмони роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз (қитъаи Шӯрообод-Шоҳон) ва роҳи Сайрон-Қарамиқ идома дорад. Соли равон корҳои сохтмону таҷдид дар якчанд иншооти нақлиётӣ, аз ҷумла роҳи мошингарди Хуҷанд-Исфара, қитъаи роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода ва беҳтар намудани инфрасохтори фурудгоҳи байналмилалии Душанбе оғоз гардид.
Соли 2017 таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди Душанбе- Қӯрғонтеппа ва қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб-Дарвоз, Кӯлоб- Шамсиддин Шоҳин ва Шкев- маркази ноҳияи Дарвоз дар назар аст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






