«Гуанджоу Эвергаранд» барои Арда Туран 50 000 000 евро нарх гузоштааст
ДУШАНБЕ, 27.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Гуанджоу Эвергаранд» барои харидории бозингари дастаи «Барселона» Арда Туран 50 миллион евро (52 миллион доллар) пешниҳод кардааст. Дар ин бора сомонаи «Tuttomercatoweb» хабар медиҳад.
Тибқи иттилои ин расона роҳбарияти КФ «Гуанджоу Эвергаранд» ба футболбози турктабори «Барселона Арда Туран шартномаро барои се соли ҳунарнамоӣ дар ҳайати дастаи чинӣ пешбинӣ кардааст.
Клубҳои футболи Чин дар бозори харидуфурӯши бозингарони беҳтарини ҷаҳон рекорд мегузоранд. ВАО маоши аз ҳама баландтаринро дар ҷаҳони футбол ба Эсекиэл Лавесси, ҳамлагари дастаи «Хэбэй Форчун»-и Чин мансуб медонанд. Маоши ӯ ба 577 ҳазор евро (620 ҳазор доллар) дар як ҳафта баробар аст.
Барои қиёс: — маоши беҳтарин футболбози ҷаҳон Криштиану Роналду («Реал»-и Мадрид) ба 427 ҳазор евро (460 ҳазор доллар) ва Леонел Месси («Барселона») ба 316 ҳазор евро (338,5 ҳазор доллар) дар як ҳафта баробар аст.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






