Имрӯз дар баъзе минтақаҳо бориши барфу борон дар назар дошта шудааст
ДУШАНБЕ, 22.12.2016/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо боридани борону барф дар назар дошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, шабона борону барф меборад. Рӯзона асосан бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво аз 8 то 10 дараҷа гарм мешавад.
Бино ба маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар, 22-юми декабр дар вилояти Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят 5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок шуда, шабона ва саҳар боридани борону барф пешгӯйӣ гардидааст. Рӯзона асосан бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ҳаво дар доманакӯҳҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, шабона борону барф меборад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва дар баъзе ҷойҳо аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, шабона боридани борону барф пешгӯйӣ гардидааст. Фаромадани туман дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо аз 5 то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм хоҳад шуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






