Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри -Ланка Кару Ҷаясурия
ДУШАНБЕ, 14.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Кару Ҷаясурия баргузор гардид.
Дар мулоқот масоил вобаста ба роҳандозии муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки ҳамкории байнипарлумонӣ омили муассири рушди муносибатҳои фарогири байнидавлатӣ буда, дар ташаккули заминаи ҳуқуқии онҳо нақши муҳим мегузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мавзӯи ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳо қарор гирифта, дар ин замина ҷиҳати таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Шри-Ланка тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо, аз қабили иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва дастгирии бахши хусусӣ тавассути оғози бобарори робитаҳои байнипарлумонӣ фикру андешаҳои ҷолиб баён карда, изҳори боварӣ намуданд, ки дар оянда барои беҳтар гардидани сатҳу сифати муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Шри-Ланка парлумонҳои ҳар ду давлат нақши босазо хоҳанд гузошт.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили ҳалли фарогири қазияи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи тӯлонии муштарак дорад, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ки дар стратегияи амниятии Тоҷикистон мақоми аввалиндараҷаро касб менамояд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон






