Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд
Душанбе, 02.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд таҳти роҳбарии Директори Бонки мазкур оид ба Осиёи Марказӣ Нил Маккейн мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории молиявии дуҷониба байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар вохӯрӣ аз сатҳи кунунии равобити дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, дастгирии сохтори бонкӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, таъминоти об ва дастгирии бахши хусусӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибҳо омодагию ҳавасмандии худро барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкорӣ дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид намуданд.
Дар мулоқот ҳамзамон Намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ричард Ҷонс иштирок намуд, ки муҳлати ваколаташ дар ин вазифа ба итмом расидааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






