«Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ»-ҳамоиш дар ПИТФИ
ДУШАНБЕ, 28.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши фарҳанг дар инкишофи тафаккури миллӣ» (дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамоиш баргузор мегардад.
Дар суҳбат Шамсиддин Орумбекзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбоналӣ Бӯриев, директори Хонаи китоби Тоҷикистон ва Сироҷиддин Икромӣ, директори КДТС «Китоб» дар мавзӯъҳои «Зарурат ва аҳамияти омӯзиши мероси фарҳангии миллати тоҷик», «Нақши муассисаҳои фарҳангӣ ва ташаккули марифати ҷомеа», «Ҷавонон ва ҷойгоҳи онҳо дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза мекунанд.
Дар хотимаи ҳамоиш байни иштирокдорони ҷамъомад дар мавзӯъҳои зикршуда мубодилаи афкор сурат мегирад.








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






