Нуробод: Пешгирии амалҳои номатлуб ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон
ДУШАНБЕ, 09.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили тамокукашӣ, майнӯшӣ, ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ байни наврасону ҷавонон вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Дар мулоқот масъулини Кумита, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, донишҷӯёни коллеҷу омӯзишгоҳҳо, хонандагони муассисаҳои таълимӣ, гирандагони стипендияи президентӣ ва ҷавонони фаъоли ноҳия иштирок намуданд.
«Имрӯзҳо байни наврасону ҷавонон баргузор гардидани чунин вохӯриҳо саривақтӣ буда, он метавонад ҷиҳати пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, ҷинояткорӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим кумак намояд»,-гуфт Маҳмадулло Тоҳирзода, муовини раиси ноҳияи Нуробод.
Хотиррасон менамоем, ки вохӯрии мазкур дар доираи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 2018» баргузор гардид.