Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия шудааст
Душанбе, 02.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маҷлиси намояндагон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони дастгоҳи Парлумони мамлакат машварат дар мавзӯи «Роҷеъ ба заминаҳои ҳуқуқии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зимни маърӯзаи худ изҳор кард, ки «Қонуни мазкур табиатан аз проблемаю мушкилоти зиндагии мардум сарчашма гирифта, ҳадаф ва вазифаи аслии он кумак намудан, дастгирӣ кардан ва ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи Тоҷикистон аст. Қонун ҳамзамон мутобиқи талаботи ислом ва фарҳанги миллӣ буда, дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия шудааст. Ба ибораи дигар, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонуни миллӣ мебошад. Илова бар ин, мундариҷаи Қонуни мазкур ба пуррагӣ ба талаботи арзишҳои башарӣ мувофиқ буда, ба дастовардҳои демократии ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан такя менамояд».
Хотиррасон бояд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз зимни вохӯрӣ бо аҳли ҷамоати мамлакат оид ба танзими расму оин ва анъанаву маросимҳои миллӣ зикр намуда буданд: «Дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».








Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 14 август дар Филиали Донишкадаи энергетикаи Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад






