Рамазон Раҳимзода: «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат боиси торафт баланд гардидани мақому мартабаи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мешаванд»
ДУШАНБЕ, 29.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо сипарӣ шудани соли 2016 он хотираҳои зиёдеро дар ёдҳо боқӣ мегузорад. Ин соли сипаришуда низ чун солҳои қаблӣ бо чандин рӯйдодҳояш дар хотири ҳар яки мо нақш мебандад. Мардуми тоҷик бо таҷлил намудани як қатор иду ҷашнҳои миллӣ, ки муҳимтарини онҳо 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ба маҷрои нави рушд ворид мегардад.
Дар баробари ҳамаи ин, 22 декабр-рӯзи пешниҳоди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишварро низ метавон ба қатори рӯйдодҳои хотирмони соли 2016 ворид кард. Зеро Роҳбари давлат бо зикри бурду бохти фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар зарфи як соли сипаришуда, дар умум, самтҳои афзалиятноки сиёсати дохиливу хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлолро барои соли нави 2017 ва давраи минбаъда муайяну мушаххас баён намуданд. Ҳамин аст, ки Паёми Сарвари давлатро имрӯз дар тамоми корхонаву муассисаҳо ва мақомоту идораҳои кишвар мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода, онро чун дастурамал барои ҳар як нафар шаҳрванди бедордили кишвар меомӯзанд.
Дар Паёми навбатии худ 22 декабр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанд нуктаи муҳим таъкид намуданд. Аз ҷумла, дар интиҳои Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд, ки:
«Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад.
Субҳи имрӯз Раиси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон ба номи Роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон барқияи табрикӣ ирсол кард. Ва ман низ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалиро ба муносибати қабули ин ташаббуси муҳим самимона табрик мегӯям».
Воқеан, агар бодиққат назар намоем, ба хубӣ дида мешавад, ки кишваре назири Тоҷикистон бо чандин пешниҳодҳои наҷибонаи худ кӯшиши саҳм гузоштан дар ҳалли проблемаҳои доғи ҷаҳони муосирро мекунад, ки инсоният имрӯз бо онҳо рӯ ба рӯ мебошад. Дар ин росто ин ташаббуси нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нест, ки боиси дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Қаблан низ чандин пешниҳоди башардӯстонаи Пешвои миллати мо мавриди пазироии сокинони сайёра, хусусан ташкилоти бонуфузе амсоли Созмони Милали Муттаҳид гардидаанд.
Пеш аз ин бо иқдоми Сарвари давлати тоҷикон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби ошомиданӣ», солҳои 2005-2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои об» эълон намуда буд. Он ҳама чорабиниву ҳамоишҳое, ки дар доираи ин ташаббусҳои арзандаи Тоҷикистон дар саросари олам гузаронида шуданд, ба ҳалли бисёр мушкилоти марбут ба пешгирии офатҳои табиӣ ва мушкилоти ҷаҳонӣ мусоидат намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои он мушкилоти рӯзафзуни сокинони сайёраро ҷиҳати дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ба хубӣ дарк намуда, ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги оби тоза ва ташаббускори ҳалли ин гуна проблемаҳои муҳими инсоният ҳамеша дар ҷаҳду талош буданду мебошанд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30 августи соли 2003, зимни суханронӣ дар маросими кушодашавии Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза, ки бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид ва бо иштироки роҳбарону намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва доираи васеи олимону коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар пойтахти ҷумҳурии мо — шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, чунин иброз доштанд:
«Сиёсатмадорон ва ходимони давлатӣ, олимон ва мутахассисону коршиносон вақтҳои охир аз минбарҳои гуногун доир ба мушкилоти танқисии рӯзафзуни оби тоза дар рӯйи замин бо изтироб сухан меронанд. Чунонки маълум аст, имрӯз аз ҳар даҳ сокини олам чор нафар мунтазам аз беобӣ ё камбуди об азият мекашанд. Мувофиқи маълумоти Институти захираҳои ҷаҳонӣ, оби тозае, ки барои инсон қобили истеъмол аст, ҳамагӣ як фоизи тамоми захираҳои оби сайёраи моро ташкил медиҳад.
Ба ақидаи мо, муваффақ шудан ба рушди устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ вазифаи аввалиндараҷа аст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳад, то барои ҳалли ин масъала дар асри XXI тадбирҳои ҷиддӣ, бетаъхир ва муассир андешида шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ иштирокчии фаъоли муҳимтарин чорабиниҳои байналхалқӣ оид ба ҳифзи табиат аст».
Тавре зикр намудем, Сарвари давлати тоҷикон ба ҳайси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои наҷибонаи худ ҳамчун шахсияти фаъол дар тамоми чорабиниҳои байналмилалии марбут ба масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист иштироку суханрониҳо намуда, бо муҳокимарониву масъалагузориҳояшон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳалли саривақтии мушкилоти ҷойдошта дар самтҳои зикршуда равона месозанд. Хусусан, Пешвои миллати мо диққати давлату созмонҳои гуногуни хориҷиро ба он мушкилоти минтақавию ҷаҳоние, ки аз норасоии об сар мезананд, равона карда, таъкид менамоянд, ки бартарафсозии саривақтии онҳо боиси беҳтаршавии муносибату робитаҳо миёни кишварҳои гуногуни минтақаҳои ҳассоси дунё мегардад.
Аз ҷумла, ҳангоми суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими Гузориши ЮНЕСКО дар масъалаи об, ки 16 марти соли 2009 дар Ҷумҳурии Туркия доир гардида буд, чунин иброз намуда буданд:
«Тавре ки имрӯз такроран таъкид шуд, тағйирёбии иқлим дар миқёси олам, буҳрони шадиди энергетикӣ, озуқавӣ ва молиявӣ ба вазъи захираҳо ва идоракунии об таъсири манфӣ мерасонанд. Равандҳои глобалии солҳои охир шароити бо об ва озуқаворӣ таъмин намудани миллионҳо одамонро боз ҳам печидатар месозанд, алалхусус онҳо ба табақаҳои камбизоат зарари бештар мерасонанд. Ин равандҳо метавонанд суботи сиёсиро халалдор сохта, барои ба миён омадани низоъҳои мухталиф дар кишвар ва минтақаҳои ҳассос замина фароҳам созанд.
Бидуни шак, об яке аз омилҳои муҳимтарини дастёб шудан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва умуман рушди устувор мебошад. Бинобар ин, идораи оқилонаи захираҳои об яке аз ҷузъҳои асосии тараққиёти иҷтимоию иқтисодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва иҷрои вазифаҳои дигаре, ки аз Ҳадафҳои зикршуда бармеоянд, ба шумор меравад».
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтану амалӣ сохтани ташаббусҳои наҷибонаву инсондӯстонаи Пешвои миллати тоҷик, агар аз як тараф далели ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, аз тарафи дигар, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки фаъолу суханрониҳои муфиди худ дар чорабиниву ҳамоишҳои гуногуни сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ ҳамеша ба ҳайси муаррифгари Ватани аҷдодиву миллати тамаддунофари мо баромад мекунанд. Зимнан, ҳангоми суханронии худ дар Саммити оби Будапешт, ки рӯзи 28 ноябри соли 2016 дар Ҷумҳурии Венгрия баргузор гардид, Сарвари давлати тоҷикон изҳор дошта буданд:
«Тоҷикистон захираҳои бузурги обро дар теъдоди зиёди пиряху дарёҳо, кӯлҳо ва шабакаҳои обии зеризаминӣ доро аст. Дар қаламрави кишвари мо зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои вобаста ба об талошҳои пайваста меварзад. Танҳо дар даҳ соли охир мо ин соҳаи ҳаётан муҳимро дар ҳудуди як миллиарду ҳафтсад миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардем».
Дар охири матлаби хеш изҳори боварӣ менамоем, ки ҳамаи ин ва дигар тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар, хусусан ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси аз ин ҳам зиёд рушду тараққӣ ёфтани Ватани соҳибистиқлоламон ва боз ҳам баланд гардидани мақому мартабаи он дар арсаи байналмилалӣ мешавад. Тавре Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъкид доштанд:
«Масъалаҳои баррасигардида ва дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон–Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд.
Ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем».
Р. РАҲИМЗОДА,
Вазири корҳои дохилии ҶТ,
генерал-лейтенанти милитсия,
номзади илмҳои ҳуқуқ,
Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон