Роҳбарияти Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи гуфтушунидҳо ба Москва рафт
ДУШАНБЕ, 22.12.2016 /АМИТ «Ховар»/. Парвози ҳавопаймои ширкати «Ямал»-и Федератсияи Россия ба Душанбе имрӯз дар назар дошта шудааст. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд, «бо назардошти он ки 100 нафар мусофирон билет харидорӣ карда, муддати ду рӯз дар фурудгоҳи «Жуковский» мунтазири парвоз буданд, Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард, ки ба ширкати «Ямал» ба таври истисно иҷозати парвоз дода шавад».
Ҳамчунин субҳи имрӯз аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе самолёти ширкати «Сомон эйр» бо хатсайри «Душанбе-Москва-Душанбе» парвоз кард. Бо хатсайри мазкур ҳайати комиссияи давлатӣ таҳти роҳбарии сардори Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идомаи гуфтугӯҳо бо Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия оид ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Москва рафт.
Хотиррасон мешавем, ки ширкати «Ямал»-и Федератсияи Россия барои парвоз ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз тарафи Вазорати нақлиёти Федератсияи Россия иҷозат гирифтааст, аммо Раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар риоя нашудани баробарӣ (паритет) парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»-ро ба Тоҷикистон дар мавсими зимистони солҳои 2016-2017 ғайриимкон медонад.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






