Русия тӯли чанд соли охир сармоягузори асосии Тоҷикистон боқӣ мемонад
Душанбе, 01.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси панҷум оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз гардид, кори худро идома дода истодааст.
Дар бахшҳои алоҳидаи Конфронс тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самтҳои кишоварзӣ, саноатӣ-нақлиётӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ мешаванд.
Холиқзода Абдухолиқ, сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд: «Ҳадаф аз баргузор намудани ин конфронс муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон ва Русия вобаста ба ҷалби сармоягузориҳо, дастгирии соҳибкорӣ ва дигар муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодии тарафайн мебошад. Ин гуна ҳамоишҳо ба соҳибкорону сармоягузорон фазои мусоид фароҳам оварда, ба онҳо имконият медиҳад, ки ақидаҳои худро вобаста ба имкониятҳои сармоягузорӣ, фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар муносибатҳои иқтисодӣ матраҳ намоянд ва роҳҳои ҳалли мушкилоти байни соҳибкорони ҳарду ҷонибро ҳалл намоянд. Ҳамоиши имрӯза имконият медиҳад, ки соҳибкорон ва сармоягузорон байни якдигар гуфтугӯи мустақим дошта бошанд».
Ба маълумоти Холиқзода Абдухолиқ, саҳми Федератсияи Русия дар рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Дар 9 моҳи соли 2016 аз Русия ба Тоҷикистон ба маблағи якуним миллиард доллар сармоя ворид шудааст.
«Соҳибкорони тоҷик сол то сол бо дӯстону ҳамтоёни худ робитаи наздик пайдо карда истодаанд, ки ин ҳама самараи конфронсҳои қаблӣ мебошад. Он монеаҳое, ки қаблан дар ин самтҳо мавҷуд буданд, аз байн бардошта шуданд. Баргузор намудани ин гуна конфронсҳо ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро тақвият мебахшад. Русия яке аз кишварҳои пешрафта дар соҳаи саноат ва инфрасохтори саноатӣ-нақлиётӣ шинохта шудааст. Пӯшида нест, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти барқии пастсифат, ки дар бисёр ҳолатҳо ба бадбахтӣ оварда мерасонад, хеле зиёд шудааст. Мо кӯшиш дорем, ки таҷҳизоти барқии дорои сифати баланд, ки амнияти истифодабарандагонро таъмин менамоянд, дастраси мо гарданд», зикр намуд корманди Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ Зайниддин Муъминов.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ, Федератсияи Русия дар моҳҳои январ-сентябри соли 2016 дар самти гардиши савдои хориҷии кишвар ҷойи аввалро касб намуд, ки ин 26,4 фоизро ташкил медиҳад.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ФР тӯли чанд соли охир сармоягузори асосии Тоҷикистон бо ҳаҷми умумии сармояи андӯхтаи наздик ба 1,4 млрд. доллар ва ё қариб 21 %-и маҷмӯи сармояҳои хориҷӣ ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси якум оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон моҳи декабри соли 2010 дар шаҳри Душанбе, конфронси дуюм 5 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе, конфронси сеюм 23 октябри соли 2014 дар шаҳри Маскав, конфронси чорум 1 декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






